Гармо дар Хатлону Душанбе: ҳарорати ҳаво то 45 дараҷа мерасад

Обуҳавошиносони тоҷик ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳанд, ки ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ аз 23 то 45 дараҷа боло хоҳад рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 12 то 17 дараҷа гарм, рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 27 то 37 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвоз то 40 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят аз 2 то 7 дараҷа гарм ва рӯзона то 21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 20 то 25 дараҷа гарм, рӯзона то 42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 14 ва рӯзона ҳаво баланд шуда аз 23 34 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Хатлон камабру бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 26 дараҷа ва рӯзона то 45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона то 38 дараҷа гарм мешавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 22 дараҷа ва рӯзона то 42 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад шабона то 17 дараҷа гарм ва рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 27 то 37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то 21 дараҷа ва рӯзона то 41 дараҷа гарм мешавад.