Дар Душанбе 25 -умин солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ" -и пойтахт барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид
Sputnik
Тоҷикистониён 25-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд.
Маҳз дар ҳамин рӯз 25 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд.
Маълум шуд, ки Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллиро чӣ гуна таҷлил мекунад
Ин сана расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки 5 сол - аз майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.
Рӯзи 27 июн, бар асоси Қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст. Ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ мебошад.