Владимир Путин ба Душанбе меояд

Раисҷумҳури Русия бо як сафари корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд. Ин сафар дар пайи афзоиши нигарониҳо аз вазъи Афғонистон сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо як сафари корӣ меҳмони Тоҷикистон мешавад. Ин сафар дар пайи нигарониҳое аз сӯи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон сурат мегирад.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумати Тоҷикистон низ ин хабарро таъйид намуданд, аммо ҷузъиёти бештареро дар ин бора ироа накарданд.
Расонаҳои русӣ, аз ҷумла Шабакаи Аввали Русия хабар дод, ки ҳафтаи ояндаро раисҷумҳури Русия аз Душанбе шуруъ хоҳад кард.
“Музокироти калон бо раисҷумҳури Тоҷикистон, суҳбат ва хӯроки кории нисфирӯзӣ”, - хабар дод ин расона.
Дар ҳамин ҳол, сафари Владимир Путин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронии амиқ кард. Вай дар як ҷаласа бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гуфт, дар Афғонистон фаъолияти созмонҳои байнулмилалии террористӣ афзудааст.
Путин аз баргузории тамринҳои густурдаи низомӣ дар Тоҷикистон хабар дод
"Роҳбарони террористҳои байналмилалӣ қаламрави Афғонистонро як пойгоҳ барои ворид шудан ба кишварҳои ҳамсоя ва эҷоди шабакаи густурдаи ҷиҳодии пинҳонӣ медонанд, ки аз ҷумла тавассути интиқоли ҷангҷӯён аз нуқтаҳои доғ пурра карда мешавад", - таъкид кард Шойгу.
Ин ҷаласаи вазирони дифоъи Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал дар чунин чаҳорчӯб баргузор шуд.
Эҳтимол меравад сафари Владимир Путин дар рӯзҳои аввали ҳафтаи оянда сурат гирад.