Трамп Амрикоро кишвари нозил ва расво гуфт

Президенти собиқи Амрико дар як гирдиҳамоӣ дар Иттинойс Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро расво ва як кишвари нозил номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи ду соли охир чунон сахт такон дода шуд, ки он ба кишвари хандахарош табдил ёфт, гуфт президенти собиқ Доналд Трамп дар як гирдиҳамоӣ дар Иллинойс.
Раиси пешини Кохи сафед раҳбари кунунӣ Ҷо Байден ва маъмурияти ӯро ба он муттаҳам кард, ки иқтисод ва сиёсати Вашингтонро дар арсаи ҷаҳон аз даст доданд.
"Ин дигар кишвари бузург нест, ин кишвари таназзул аст. Ман аз гуфтани ин ҳарфҳо ба шумо шарм медорам. Ин кишварест, ки мизони таваррум ва нархи сӯзишворӣ дар 40 сол ба ҳадди рекордӣ расид. Мо ҳеҷ гоҳ ба мушкили энержӣ дучор набудем, аммо ҳоло дигар мо мустақили энергетикӣ нестем, ҳатто як давлати ҳукмрон нестем, чунон ки ҳамагӣ ду сол пеш буд,” гуфт ӯ.
Рейтинги Байден якбора паст шуд, вале ҳоло ба ҳадди Трамп нарасидааст
Трамп ёдовар шуд, ки дар солҳои раёсати Байден, Иёлоти Муттаҳида озодии баён ва матбуоти мустақилро аз даст дод, бо афзоиши шадиди ҷиноят ва марг, афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фурӯпошии иқтисодӣ рӯбарӯ шуд.

"Аммо шояд муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар ду соли охир кишварро гӯш кардан ва эҳтиром карданро аз байн бурданд. Аз бисёр ҷиҳат ба масхара табдил ёфт", - изҳор дошт собиқ президент.

Бар асари сиёсати Ғарб, ки таҳримҳои зидди Русия дорад, қатъи занҷирҳои таъминот боиси мушкилоти иқтисодӣ дар Амрико ва Аврупо шудааст, ки бо афзоиши бесобиқаи қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ мувоҷеҳ шудаанд.
Дар Штатхои Муттахида таваррус дар мохи май то ба 8,6 фоиз расид, ки ин аз декабри соли 1981 баландтарин буд ва 10 июн нархи бензин бори аввал дар таърих аз 5 доллар боло рафт.