ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Александр Лукашенко, ҳамтои белорусии худ гуфт, мо вазифадорем, ки дар бораи амнияти кишварҳои иттиҳод ва дигар кишварҳои СПАД ғамхорӣ кунем. Дар ин бора РИА "Новости" хабар медиҳад.
Бояд гуфт, Лукашенко барои мулоқот бо Путин ба Қасри Константиновскийи Санкт-Петербург омад.
"Ман пешниҳод мекунам, ки ба вазоратҳои дифоъ ва сарони ситодҳои генералӣ супориш дода шавад, ки тамоми ҷузъиёти марбут ба ин кори муштаракро таҳия кунанд", - гуфт президенти Русия.
Лукашенко бо пешниҳоди ӯ розӣ шуд. Путин ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳавопаймоҳои Су-25, ки дар артиши Белорус хидмат мекунанд, дар корхонаҳои ҳавопаймоии Русия такмил дода шаванд.
Раисиҷумҳури Белорус қабл аз ин дар суҳбат гуфт, ки имкони вокуниш ба таҷовузи Ғарбро бояд баррасӣ кард ва хостааст, барои таҷдиди ҳавопаймоҳо кумак кунад, то онҳо кулоҳакҳои ҳастаӣ дошта бошанд.
"Мо аз парвозҳои ҳавопаймоҳои Амрико ва НАТО, ки барои интиқоли кулоҳакҳои ҳастаӣ тамрин мекунанд, хеле нигарон ҳастем. Лутфан, инъикоси ин чизҳоро, ки метавонанд зарядҳои ҳастаӣ дошта бошанд, баррасӣ кунед", - гуфт Лукашенко.