ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ширкатҳои барҷастаи энергетикии Фаронса - Engie, EDF ва TotalEnergies аз афзоиши босуръати арзиши ашёи хом, ки дар натиҷаи кам шудани интиқол аз Русия ба вуҷуд омадааст, нигаронанд.
Дар ин бора рӯзномаи Le Journal du Dimanche бо истинод ба номаи кушоди дахлдор хабар додааст.
Дар ин паём ба аҳолӣ ва корхонаҳо муроҷиатнома омадааст, ки “фавран” истеъмоли нерӯи барқ, газ ва маҳсулоти нафтиро маҳдуд кунанд.
"Мо ба огоҳӣ ва иқдоми дастаҷамъона ва инфиродӣ даъват мекунем, ки ҳар яки мо - ҳар як истеъмолкунанда, ҳар як ширкат рафтори худро тағйир дода, истеъмоли энергия, нерӯи барқ, газ ва маҳсулоти нафтиро фавран маҳдуд кунем", - гуфта мешавад дар нома.
Гуфта мешавад, бӯҳрони энергетикӣ метавонад барои ягонагии иҷтимоӣ ва сиёсии Фаронса хатари ҷиддӣ гардад.
Қаблан вазири энержии Фаронса Агнес Панниер-Рунаше гуфта буд, ки воридоти гази Русия коҳиш ёфтааст, аммо қатъ нашудааст.
Вазири иқтисоди Олмон Роберт Ҳабек дар навбати худ хостори коҳиши масрафи газ дар ин кишвар ба далели сар задани бӯҳрон дар ҷаҳон шуд. Ба гуфтаи ӯ, камбуди маводи сӯхт метавонад боиси мутаваққиф шудани тамоми равандҳои бозор гардад, ки ба пурра аз кор мондани бархе аз соҳаҳо таҳдид мекунад.
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина фишори таҳримот алайҳи Русияро афзоиш доданд. Даъватҳо дар бораи даст кашидан аз манбаъҳои энержии Русия баландтар шуданд.
Бо вуҷуди ин, халалдор шудани занҷирҳои таъминот боиси мушкилот дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, пеш аз ҳама болоравии нархи ғизо ва сӯзишворӣ шудааст.
Кремл ин таҳримҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид ва гуфт, Русия ба ҳамаи ин мушкилиҳо омода буд.