Садамаи маргбор дар роҳи Бохтар - Данғара: ду тан ҳалоку се тан захмӣ шуд

Садмаи мудҳиш дар пайи ноуҳдабароии ронанда сар зад, ки дар натиҷаи он ду тан ҳалок ва се нафари дигар дар беморхона бистарӣ гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар масири Бохтар - Данғара садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод, ки дар пай қурбонӣ дошт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, садама пас аз зуҳри ҷумъаи гузашта ба далели таъмин накардани бехатарии ҳаракати роҳ аз сӯи ронанда сар задааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 38-солаи автомашинаи “Мерседес-Бенс” Юсупов Каримҷон, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи зикршуда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и Сафарализода Муҳаммадҷони 27-сола, сокини ноҳияи Вахш бархӯрдааст.
Ҳалокати зани 72-сола зери чархи мототсикл дар Душанбе
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, мусофирони автомашинаи “Опел-астра” Воҳидов Ҳоҷибойи 20-сола ва ноболиғ Мирзокаримова Нурбонуи 11-сола, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Ҳурматов Исмоили 23 - сола, Бердиев Дилшоди 20 - сола ва Субҳиддини Ғафор, ки 31 сол дошта, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар роҳи Кӯлоб - Душанбе ВКД аз бархӯрди ду "Opel" хабар дода буд, ки дар пайи он ду тан ҳалок шуда буд.