Боз як кишвари дигар омодаи харидорӣ аз барқи НБО "Роғун" шуд

Ҷумҳурӣ ҷазби харидорони умедбахши нерӯи барқ ​​аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро идома медиҳад: кишвар бо давлати дигар шартнома мебандад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷикистон барои содироти нерӯи барқ ​​аз нерӯгоҳи "Роғун" ба Қазоқистон ба мувофиқа расидааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ зимни ҳамоиши байналмилалии энержӣ дар Тошканд изҳор дошт.
Қаблан Ӯзбекистон низ гуфта буд, омодааст ки захираҳои дар тобистон коркардкардаи неругоҳи барқи обии "Роғун"-ро харидорӣ кунад.
Вазорати энергетикаи кишвари ҳамсоя таъкид кард, ки намояндагони давлатҳо аллакай санади дахлдорро имзо кардаанд.
Шартҳо, шеваҳои интиқоли нерӯи барқ, ҳаҷм ва тарифҳо тибқи созишномаи алоҳида баррасӣ мешаванд, ки қарор аст то охири соли ҷорӣ ба имзо расад.
"Мо дар бораи ҳамингуна ёддошт бо ҳамкасбон аз Қазоқистон ба мувофиқа расидем ва ният дорем, ки дар ояндаи наздик онро имзо кунем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон қасд дорад аз ин нерӯгоҳ ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар як сол то 10 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ ​​содир кунад.
Раҳбари Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хотиррасон кард, ки дар аввал неругоҳи барқии обии "Норак" таъминкунандаи асосии неруи барқ дар Осиёи Миёна буд.
"Имрӯз "Роғун" низ ҳамчунин. Мо хеле хушнудем ва сипосгузорем, ки ҳамкасбони мо аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон аввалин шуда ба ин вокуниш нишон доданд", - хулоса кард Ҷумъа.
Офатро каму нерӯро зиёд мекунад: Раҳмон аз суди "Роғун" гуфт
Ёдовар мешавем, ки НБО "Роғун" бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии кишвар аст. Он дар 110-километрии шарқи Душанбе ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии он 13,1 миллиард киловатт-соат дар як сол аст.
Баландии пешбинишудаи сарбанди он 330 метр, ҳаҷми обанбор 13,3 миллиард метри мукааб мебошад. Моҳи ноябри соли 2018 чархаи якуми нерӯгоҳ ба кор даромад. Чархаи дуюми истгоҳ моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Дар авоили соли 2022 мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки қасд доранд дар нерӯгоҳи барқи обӣ 2,5 миллиард сомонӣ (ҳудуди 221 миллион доллар) сармоягузорӣ кунанд. Дар муқоиса бо соли 2021 маблағгузорӣ тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.