ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар обҳои кишвар ду ҷавон зимни оббозӣ ғарқ шуданд, ки яке 18 ва дуюмӣ 16-сола буданд. Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ноболиғи 16-солаи ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчо дар оби канали маҳалли зисти худ рух додааст.
Ин ҳодиса пас аз зуҳри рӯзи 24-уми июн рух дода, соате пас аз фоҷеа сокинони деҳа ҷасади ноболиғро пайдо ва ба мақомоти дахлдор барои таҳқиқу тафтиш супурданд.
Сабаби ғарқ шудани ин писараки 16-сола маълум нест, аммо ҳадс зада мешавад, ки мумкин аст аз надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва беэҳтиётӣ ғарқ шуда бошад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки асри ҳамин рӯз, тахминан соати 18:00 як сокини 18-солаи ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен дар мавзеъи Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳаноми шиноварӣ дар ҷойи мамнуъ ғарқ шудааст.
"Бо талоши кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ин ҷавонписар солим наҷот дода шуд", - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои ин ниҳод, сар аз моҳи январ то кунун дар обҳои Тоҷикистон 67 кас ғарқ шудааст. Ғарқшудаҳо миёни хурдсолону наврасони аз 4 то 17-сола ба 40 тан мерасад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пайваста бо муроҷиат ба мардуми кишвар қоидаҳои шиновариро мефаҳмонад ва дар маконҳои мамнуъ барои оббозӣ миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мекунад.
Сабаби фоҷеаҳоро КҲФ беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта, волидонро дар беназоратии кӯдакон айбдор медонад.