ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон дар раъси як гуруҳи корӣ ба ВМКБ сафар намудааст.
Ин сафари вазири тандурустӣ ба шарқи кишвар тибқи дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ин минтақа гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа аз наздик шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар бинои нави ин муассисаи тандурустӣ корҳои ҳамворкунӣ ва бетонрезӣ босуръат идома доранд.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафар гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ишкошим бо фаъолияти беморхонаи марказӣ ва рафти корҳои ободонии осоишгоҳи "Авҷ", ки оби он барои бемориҳои чашм, меъдаю рудаҳо ва дилу рагҳо фоидаовар аст, огоҳ шудааст.
Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон ба аҳолӣ шинос шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури кишвар зимни як суханронӣ дар вилоти Хатлон аз ҳаводиси ахир дар Бадахшон ёдовар шуд аз масъулин хост, ки корҳои ободонӣ ва лоиҳаҳо ҷиддан назорат ва роҳандозӣ шавад.
Ӯ ба вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир низ дастур дорд, ки барои омӯзиши имконоти бунёди корхонаҳои гуногун даҳ рӯз дар вилоят бошад.
Ҳамзамон пас аз ин суханронӣ вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим низ ба минтақа рафт ва сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон расман оғоз бахшид.