Вазирони дифои кишварҳои ИДМ дар Маскав чиро баррасӣ карданд?

Вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зимни баррасии дурнамои ҳамкориҳо ҳамовозияшонро дар қиболи хатарҳои ҷаҳони муосир баён доштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Таҳлили вазъи сиёсӣ - низомии ҷаҳон дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ буд.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар пайи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ дар Маскав баён доштанд.
"Зимни ҷаласа бо тафсил вазъияти низомӣ - сиёсӣ, аз ҷумла бо назардошти амалиёти вижаи қувваҳои мусаллаҳи Русия дар Украина таҳлил карда шуд", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Шойгу, вазирон дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар бахши мудофиа ва амнияти низомӣ баррасӣ кардаанд. Дарки ягонаи хусусияти хатарҳои муосирро таъйид намуданд, афзуд вазир.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳри Маскав мизбони ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ шуд, ки соли равон 30-юмин солгарди таъсисёбияш мебошад. Шойгу ҳузурӣ баргузор шудани ин мулоқотро далели аҳамияти калон доштани он хонд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Вазири дифои Русия гуфт, вазъият дар Афғонистон вахимтар мешавад
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.