ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сержанти асиршудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина Олександр Тимко дар бораи омодагии ҳамлаи террористии низомиёни украинӣ дар Херсон нақл кард. Чунин фармонро ӯ ва тобеонаш гирифтаанд.
Ин ҳамла мебоист дар меҳмонхонаи Херсон сурат мегирифт.
"Ман фармон гирифтам, ки дар меҳмонхонаи "Дилижанс" низомиёни рус зиндагӣ мекунанд ва ман бояд ба нобудсозӣоғоз кунам. Ба ибораи дигар, ҳамлаи террористӣ ташкил кардан лозим аст. Ман тасмим гирифтам, ки разведка гузаронам, то фаҳмам, ки чӣ дар куҷост”, - гуфт Тимко.
Чунон ки маълум шуд, дар меҳмонхона шаҳрвандони Украина, ки аз Николаев, Кривой Рог ва дигар шаҳрҳо баромада буданд, зиндагӣ мекарданд.
Аммо фармондеҳ ба сержанти штаб бовар накард ва изҳор дошт, ки бештар ба маълумоти нерӯҳои вижа эътимод доранд. Дар ин ҳол, Тимко аз иҷрои супориш даст кашид.
Баъд аз ин, ба низомӣ таҳдид мекарданд ва ӯ дар хиёнат ба Ватан айбдор карда шуд.
Тимко ва зердастонаш пеш аз боздошти нерӯҳои Русия дар шаҳри Херсон пинҳон шуда буданд.
Артиши Русия як махфигоҳ бо автоматҳои Калашников, як пулемёт, норинҷакандозҳои дастӣ ва лавозимоти ҷангии гурӯҳи мусаллаҳи зеризаминиро кашф карданд.
Сержанти ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Украина таъкид кард, ки подполковник дастур дод, ки дар ҳар шароит, бояд ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд, то "қурбонҳо бошанд".
Пас аз ноком шудани амалиёт ва боздошти як гурӯҳи ҷангҷӯён, "подполковник нопадид шуд, шояд гурехта бошад", - хулоса кард сарбоз дар суҳбат бо РИА "Новости".