Раиси Суғд ба ҳифзи ваҳдат дар Тоҷикистон даъват кард

Раиси вилояти Суғд аз ташаннуҷи авзоъ дар бархе аз минтақаҳои ҷаҳон ҳушдор дода, бар зарурати ҳифзи сулҳу субот дар кишвар таъкид кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд Рӯзи ваҳдати миллиро, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон таҷлил мешавад, барои сокинони вилоят шодбош гуфт.
Ба гуфтаи Раҷабзода, 27 июн ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад.
"Зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд", - таъкид кард ӯ дар паёмаш.
Вай бо зикри таҷрибаи ҳаёт гуфт, дар амал татбиқ гардидани ҳама гуна орзую омол ва нақшаву ниятҳои нек, аз ҷумла рушду тараққиёти давлат, маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.
"Аз ин лиҳоз, дар шароити торафт печида гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯз муҳимтарин вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад", - гуфт Аҳмадзода.
Маврид ба зикр аст, ки 27 июни соли равон тоҷикистониён 25-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд.
Маҳз дар ҳамин рӯз 25 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд.
Маълум шуд, ки Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллиро чӣ гуна таҷлил мекунад
Ин сана расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки 5 сол - аз майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.
Рӯзи 27 июн, бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст. Ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ мебошад.