ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Ҷумҳурии халқии Донетск тайи 128 рӯзи шиддати даргирӣ 195 сокини осоишта ба ҳалокат расидаанд, хабар дод намояндагии ҶХД дар Маркази муштараки ҳамоҳангсозӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар миёни кушташудаҳо аз ҷумла 11 нафар кӯдакон мебошанд.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ дар Донетск беш аз 2,3 ҳазор сокини мулкӣ маҷруҳ шудаанд, ки 147 нафарашон кӯдакон мебошанд.
Манбаъ афзуд, ки дар маҷмуъ ба қаламрави Донестк беш аз 4,8 ҳазор бор оташкушоӣ сурат гирифтааст, ки беш аз 4,5 ҳазор ҳолаташ бо истифода аз аслиҳаи вазнин мебошад.
Инчунин бар асари оташкушоӣ аз ҷониби нерӯҳои украинӣ ҳудуди 4,9 ҳазор манзили истиқоматӣ ва зиёд аз 1 ҳазор иншооти инфрасохтори мулкӣ тахриб гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.