Пас аз супориши Раҳмон сохтмони роҳи Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон расман оғоз шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафари ахири худ ба ноҳияи Данғара вазири нақлиётро вазифадор кард, ки сохтмони роҳи Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшонро зудтар оғоз кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон расман оғоз гардид. Дар ин бора ҳокимияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, сохтмони ин роҳ пас аз ташриф овардани Вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим ба ВМКБ оғоз шуд.
Манбаъ меафзояд, дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ, раиси вилоят Алишер Мирзонабот, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва дигар намояндагони ҳукумат иштирок доштанд.
Роҳи Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон роҳи мушкилгузар буда, 110 километрро дар бар мегирад.
Маълум шуд, кай роҳи Шкев - Қалъаи Хумб пурра аз таъмир мебарояд
Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат дар сафари ахири худ ба ноҳияи Данғара, зимни суҳбат бо фаъолону сокинони маҳаллӣ ба ноамнии ахир дар ВМКБ ишора намуда, вазирону раисонро муваззаф кард, то ба ин вилоят сафар кунанд ва вабаста ба шарту шароити минтақаи кӯҳистонӣ корҳои ободониро ба роҳ монанд.
Президент аз ҷумла, вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳимро вазифадор кард, ки пас аз анҷоми чорабинӣ дар Данғара ба ВМКБ сафар кунад ва ба сохтмони роҳи қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон ва ҳамчунин бозсозии роҳ дар Барсему Хоруғ оғоз бахшад.
"Рафта корро сар мекунӣ, ҳам дар Хоруғ ва ҳам ноҳияҳои дигар. Аз гап ба амал гузаштан даркор", - таъкид намуда буд роҳбари давлат ба вазири нақлиёт.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазирро муваззаф кард, то пуле, ки зимни сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Хоруғ тахриб шуда буд, навсозӣ кунад.