ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов гуфт, равобити дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва қаблан чунин раванд мавҷуд набуд.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсиси истиқлоли худ шарики стратегӣ ва муттаҳиди Федератсияи Русия буд. Ва ҳоло беш аз пеш равобити дуҷонибаи мо дар авҷ қарор гирифта, робитаҳо дар ҳама бахшҳо фаъолона рушд мекунанд", - гуфт Лякин-Фролов дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия".
Ҳамин тариқ, дар соли 2021 гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия аз марзи 1,3 миллиард доллар гузашт, ки бесобиқа мебошад.
Ба таъкиди сафири рус, ҳаҷми сармоягузории мустақим ба 1,7 миллиард доллар баробар аст.
Илова бар ин, ӯ ба муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои байни давлатҳо дар арсаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ки босуръат инкишоф меёбад, қайд намуд.
"Тавассути барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон онҳо бо аслиҳа ва техникаи муосир муҷаҳҳаз гардида, кадрҳо ҳам дар донишгоҳҳои Вазорати дифои Русия ва ҳам дар тамрингоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия омода карда мешаванд", - гуфт сафир.
Вай қайд кард, ки пойгоҳи низомии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ва кадрҳои хуб омодашуда василаи муҳими таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ монда, ҳамчунин "барои вокуниши муносиб ба ҳама гуна чолишҳо ва таҳдидҳо омода аст".
Тоҷикистон ва Русия 8 апрели соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карданд. Дар ин муддат зиёда аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд.