ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Сиёсати таҳримҳо мисли "бумеранг" ва шамшери дудама аст ва татбиқи он дар ниҳоят ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам ба онҳое, ки ҷорияшон мекунанд, зиён мерасонад. Дар ин бора Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин дар форуми тиҷоратии БРИКС изҳори назар кард.
Вай афзуд, ки ҳоло ба бархе аз занҷирҳои муҳими тавлидот ва таъминот ба таври сунъӣ мудохила шуда, таваррум дар ҷаҳон афзоиш ёфта, бозори байналмилалии молӣ тағйирёбанда идома дорад ва шиддати эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ заъиф мешавад.
"Ҳама аз он нигаронанд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад ба ботлоқи бӯҳронӣ афтад", - гуфт сарвари Чин ва афзуд, ки ҳоло аз ҳарвақта бештар муттаҳид кардани талошҳо барои мубориза бо бӯҳрон муҳим аст ва кишварҳои пешрафта бояд "сиёсати иқтисодии масъулиятнокро дар ин самт пеш гиранд".
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.