Дар Русия фоизи ипотекаи имтиёзнок коҳиш ёфт

Сарвазири Федератсияи Русия фармоне барои то ҳафт дарсад кам кардани фоизи ипотекаи имтиёзнокро имзо кард. Ин қарор пас аз пешниҳоди президенти Русия қабул шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, дар Русия фоизии ипотекаи имтиёзнок то ҳафт дарсади солона поин бурда шуд.
"Дар бораи як фармони дигари президент қарори ҳукумат имзо шуд - ин коҳиши фоизи ипотекаи имтиёзнок аз 9 ба 7 дарсад аст. Дар баробари ин ҳаҷми қарзи имтиёзнок дар ҳамон сатҳ боқӣ мемонад", - гуфт сарвазир.
Мишустин ёдовар шуд, ки ҳаҷми қарзи имтиёзнок 12 миллион рубл – барои Маскаву Санкт-Петербург, вилоятҳои Маскаву Ленинград ва шаш миллион рубл барои субъектҳои дигари Русия аст.
"Фарқи байни фоизи имтиёзнок ва бонкҳои бозорӣ аз ҷониби давлат ҷуброн карда мешавад”, - гуфт ӯ.
Путин фоизи ипотекаи имтиёзнокро коҳиш дод
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин зимни суханронӣ дар нишасти пленарии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург пешниҳод кард, ки низоми қарздиҳии боимтиёз такмил дода шавад.
Вай тавзеҳ дод, ки сиёсати Бонки марказӣ барои пайваста паст кардани меъёри бозтамвил имкон медиҳад, ки ин кор анҷом шавад.
Бонки Русия меъёри бозтамвилро боз коҳиш доду ба ҳадди пештара баргардонд
Президент таъкид кард, ки дигар шартҳои қарзи имтиёзноки ипотекӣ, аз ҷумла маҳдудияти қимати манзил ва муҳлати амали барнома бетағйир боқӣ хоҳанд монд. Аз қарзҳои имтиёзнок то охири сол метавон истифода бурд.
Дар миёнаҳои моҳи июн Бонки марказӣ барои чаҳорумин бор паиҳам меъёри бозтамвилро поин бурд - он аз 20 дарсади охири моҳи феврал то 9,5 дарсад поин бурда шуд. Бонкҳо дар навбати худ шароити додани қарзҳои ипотекиро беҳтар карданд.