ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Русия вазъи башардӯстона дар Афғонистонро дар пасманзари заминларзаи харобиовар бодиққат назорат мекунад, гуфт котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков.
Ӯ афзуд, ки дар бораи муроҷиати кумак аз Афғонистон тавассути вазорати ҳолатҳои фавқулодда ё вазорати корҳои хориҷӣ маълум нест, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Намедонам, ки тавассути шабакаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ё Вазорати корҳои хориҷӣ (аз Афғонистон) дархости расонидани кумак омадааст ё не. Аммо, бо вуҷуди ин, албатта, мо вазъи башардӯстона дар Афғонистонро пас аз марги ... ин қадар шумораи зиёди одамон бодиққат назорат мекунанд. Мебинем, ки вазъ чӣ гуна рушд мекунад", - гуфт Песков рӯзи чоршанбе ба хабарнигорон.
Қаблан Амин Хузайфа, раиси бахши фарҳанг ва иттилооти вилояти Пактика ба РИА "Новости" гуфта буд, ки шумори қурбониёни заминларза дар Афғонистон аз ҳазор нафар гузашта, беш аз 1500 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, ки заминҷунбӣ бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.
Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.