ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Михаил Улянов, намояндаи доимии Русия назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена гуфт, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии ин кишвар, рӯзи чаҳоршанбе 22 июн ба Эрон сафари расмӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Фардо Сергей Лавров бо як сафари расмӣ ба Эрон меравад", - навиштааст Ульянов дар Telegram.
Бояд гуфт, ки қаблан вазорати хориҷаи Эрон гуфта буд, ки дар поёни ҳафта Лавровро дар Теҳрон интизоранд.
Саид Хатибзода, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Эрон, гуфта буд, ки музокирот барои густариши ҳамкориҳои Русия ва Эрон дар манотиқи АвруОсиё ва Қафқоз баргузор мешавад.
Ҳамзамон намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова қаблан ба РИА Новости гуфта буд, ки санаи сафари Сергей Лавров ба Эрон таҳия мешавад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар шаҳри Маскав ҳамоиши бузурги тиҷоратии Эрону Русия бо ҳузури намояндагони беш аз 350 ширкати эронӣ ва русӣ баргузор шуда буд.
Дар идомаи ин ҳамоиш намояндагони 70 ширкати эронӣ ва 300 ширкати русӣ дар 9 бахши мухталиф, аз ҷумла саноат, фанноварӣ, соҳаи нафту кимиё, дору, саноати ғизоӣ ва ғайра ба сурати рӯ дар рӯ бо якдигар ҷаласаҳои тиҷорӣ баргузор карданд ва ба музокира пардохтанд.