Даргузашти ситораи лоиҳаи "Фабрика звезд" Пиер Нарсисс

Сарояндаи маъруф, ки бо ширкаташ дар лоиҳаи мусиқии "Фабрика звезд" бо таронаи "Шоколадный заяц" маъруф шуд, дар синни 46-солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Овозхони рус, хатмкардаи "Фабрикаи ситораҳо" Пиер Нарсисс даргузашт, хабар медиҳад "Пятый канал".
Дар бораи марги ҳунарманд наздикони сароянда хабар доданд. Сабаби дақиқи марг то ҳол маълум нашудааст.
Ба иттилои kp.ru, Нартсисс гурдаашро ҷарроҳӣ кардааст. Ҷарроҳӣ марговар будааст. Дар ин бора духтари ҳунарманд гуфтааст.
"Падар барои ман намуна аст. Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки ӯ дар паҳлӯям нахоҳад буд", - навиштааст ӯ.
Зодаи Камерун ба шарофати ширкаташ дар намоиши "Фабрикаи ситораҳо", ки дар солҳои 2000-ум маъмул буд, дар Русия маъруф шуд.
Даргузашти куҳансолтарин зани ҷаҳон
Ӯ аз иштирокчиёни мавсими дуюм буд, ки хити "Шоколадный заяц" -ро иҷро кард, ки ба ӯ шӯҳрат ва маҳбубият овард.

Тарҷумаи ҳоли Пиер Нарсисс

Пиер Нарсисс 19 феврали соли 1977 дар Камерун таваллуд шудааст. Номи аслии ӯ Мудио Мукуто Пиер Нарсисс Де Наполи Де Соуза аст.
Дар кӯдакӣ ӯ футболбозӣ мекард ва дар синни 13-солагӣ ба навохтани саксофон машғул буд. Баъдтар гурӯҳи худро ташкил кард.
Ӯ бо забонҳои гуногун, аз ҷумла фаронсавӣ суруд мехонд. Пиер барои таҳсил дар бахши рӯзноманигорӣ ба Маскав омад ва ҳатто Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кард.
Ҳамзамон дар клубҳои шабона кор карда, дар дастаи КВН-и Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия низ бозӣ мекард.
Дар баробари муваффақият дар соҳаи мусиқӣ, ҳунарманд ҳатто дар филмҳо низ нақш офаридааст. Ӯ дар филми "Сибирский цирюльник" (Сартароши Сибирӣ) нақш бозида, дар лоиҳаҳои гуногун боз шаш нақши дигар офаридааст.