Аз рӯзҳои аввал дар ҷабҳа то пирӯзӣ: аксҳои нодири Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Санаи ғамангез дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ: 81 сол пеш, 22 июн Ҷанги Бузурги Ватании Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди истилогарони фашистӣ оғоз шуд
Sputnik
1 / 22

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945. Сокинони Маскав 22 июни соли 1941 тариқи радио хабари ҳукумат дар бораи ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба Иттифоқи Шӯравиро гӯш мекунанд.

2 / 22

Сафарбарсозӣ. Воҳидҳои бузурги ҷанговарон ба фронт раҳсипор мешаванд.

Москва, 23 июни соли 1941.

3 / 22

"Комбат"-и Макс Алперт. Инструктори хурди полки 220-уми пиёдагарди дивизияи 4-ум, Алексей Еременко командири ротаи маҷруҳшударо иваз карда, ҳангоми ҳуҷуми ҷавобӣ ҳалок шуд. Деҳаи Хорошее, ноҳияи Славяносербски вилояти Луганск.

4 / 22

Сокинони шаҳри Моравска-Остравска бо ҷанговарони шӯравӣ вомехӯранд.

5 / 22

Дар назди харобаҳои хонаи худ.

6 / 22

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945. Майор Мозгов дар минтақаи Змиев ҷанг мекунад.

7 / 22

"Марги сарбоз". Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945. Қрим, моҳҳои апрел-майи соли 1942.

8 / 22

Занону бачагони советӣ ба ватан баргашта истодаанд. Номи акс "Ба зодгоҳ".

9 / 22

Олмониҳои асиршуда дар вилояти Маскав. Декабри соли 1941

10 / 22

"Хотираи осоишта". Сталинград соли 1943.

11 / 22

Нозири низомии ҳаракати нақлиёт Мария Шалнева дар Александрплаз дар Берлин.

12 / 22

Экипажи артиллерия ба сӯи душман тир холӣ мекунад. Қафқози Шимолӣ.

13 / 22

Нурҳои прожекторҳои қушунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ осмони Маскавро мунаввар мекунанд. Маскав, моҳи июни соли 1941.

14 / 22

Сокинони қишлоқи Омолитса халабониСемён Бойкоро, ки аввалин бор ба хоки Югославия парвоз кард, табрик мекунанд.

15 / 22

Тирандозони шӯравӣ дар ноҳияи Графская.

16 / 22

Сокинони Ленингради муҳосирашуда дар кӯчаи яхбаста аз қубури обкаши шикаста об ҷамъ мекунанд.

17 / 22

Зенитчиён дар болои Севастополи озодшуда осмонро посбонӣ мекунанд.

18 / 22

Модар ҳангоми тирпарронӣ фарзандашро паноҳ медиҳад. Деҳаи Красная Слобода, Фронти Брянск, 1941.

19 / 22

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Югославия. Саперҳои шӯравӣ яке аз майдонҳои Белградро аз мина тоза карда истодаанд.

20 / 22

Гуруҳи мухбирони шӯравӣ дар Рейхстаг.

21 / 22

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945. Байрақи ғалаба бар Берлин.

22 / 22

Маскав соли 1945. Гузашти низомӣ дар Рӯзи ғалаба дар майдони Кремл.