Афзоиши наздик ба 40-дарсадии воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар гузориши ахири худ дар бораи афзоиши воридоти 38,8-дарсадии маҳсулоти нафтӣ ба кишвар гузориш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти нафтиро 38,8 дарсад афзоиш додааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста” дар истинод ба хадамоти гумруки кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, дар панҷ моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 289,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии беш аз 231,2 миллион доллар ворид шудааст.
Гуфта шудааст, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10,3 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ тавлид шудааст.
Вазорат гуфт, Тоҷикистон чӣ қадар нафт истеҳсол ва чӣ қадар воридот кардааст
Тибқи маълумоти оморӣ, дар давоми панҷ моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 3,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти нафтӣ фурӯхта шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон маҳсулоти нефтиро асосан ба сабаби кам истеҳсол карданаш дар дохили кишвар, бештар аз кишварҳои хориҷ ворид карда мешавад.
Чун пештара Русия таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Илова бар ин, аз Қазоқистон ва кишварҳои дигар навъҳои гуногуни сӯзишворӣ ворид карда мешавад.