Талоши тавлиди бештари биринҷ дар Тоҷикистон: ҳар сокин соле то15 кило мехӯрад

Мақомоти кишоварзии Тоҷикистон бо зикри талаботи нисбатан зиёди сокинони ҷумҳурӣ ба биринҷ азм доранд, кишти шолиро афзоиш диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Соли равон дар Тоҷикистон кишти шолӣ дар майдони 10,6 ҳазор гектар дар назар аст, хабар дод "Ховар" бо такя ба Вазорати кишоварзии ҶТ.
Таъкид шудааст, ки ба ҳолати аввали моҳи июн дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 8,4 ҳазор гектор аллакай шолӣ кишт шудааст.
Музаффар Азизов, сармутахассиси раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ бо зикри нисбатан серистеъмол будани биринҷ дар ҷаҳон илова намудаст, ки дар Тоҷикистон то 13 навъи биринҷ парвариш карда мешавад.
Истеъмоли солонаи биринҷ барои як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 15 кило арзёбӣ мешавад.
Деги оши тоҷикӣ чанд пул меистад?
Биринҷ аз маҳсулоти аслии палав - ғизои миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳаёти рӯзмарра ва маъракаҳои оммавӣ зиёд омода карда мешавад.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва васеъ кардани кишти такрорӣ дастур дода, аз маҳдудиятҳои марбути ғалладонагиҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳушдор дода буд. Раҳмон барои захира кардани ғизои дусола дар ҳар оиларо дастур дод.
Ғизошинос Ҷаҳон Азонов биринҷро барои захира кардан хеле мувофиқ медонад. Ба гуфтаи ӯ, онро метавон муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ намуд. Зикр шудаст, ки агар қавонини нигоҳдорӣ риоя шаванд, биринҷро метавон то 30 сол бидуни талафи мазза ва бӯй ҳифз кард.