ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар ноҳияи Хуросон гардид, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, нисфирӯзи 20 июн бинобар боришоти зиёд дар ҷамоати деҳоти Ғалаобод, деҳаи Меҳнатобод аз минтақаи обгузари маҳаллаи Низомбои дараи Оқсӯ, минтақаи рақами 1 сел омад.
Манбаъ меафзояд, офати табиӣ беш аз 30 замини наздиҳавлигии сокинон, иншоотҳои ёрирасон, симтурҳо, хатҳои барқро тахриб кард.
Ҳамчунин сел роҳҳои мошингузари байни деҳаҳо, қубурҳои обгузар ва насосҳои обкашониро хароб намуд.
Илова бар ин, дар ин офати табиӣ се хонаи истиқоматии шаҳрвандон аз вуруди лойқа пурра бо ашёҳои рӯзгор хароб гардидаанд.
Дар ҳамин ҳол, барои бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ, 20 нафар кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Кормандони Раёсат бо ду адад техника ҳамроҳ бо кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва сохторҳои қудратии ноҳияи Хуросон ба пок намудани манзилу роҳҳо аз лойқа шурӯъ намудаанд.
Дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Хуросон дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда, шумораи хонаҳои истиқоматии харобгашта ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.