ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Нахустин ҳазорҳо омӯзгор аз ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетск бо бозомӯзӣ фаро гирифта шуда, то 1 сентябр шумораашон беш аз 7 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.
Ин нуктаро Сергей Кравтсов, вазири маърифати Русия дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор дошт.
"Ҳазорҳо омӯзгорон аз Донетск ва Луганск аллакай бо бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. То 1 сентябр ин шумора ба 7 ҳазор нафар мерасад. Кадрҳои маъмурӣ ҳудуди 1,5 ҳазор нафар омӯзонда мешаванд", - изҳор дошт ӯ.
Вазир таъкид намудаст, ки дар маҷмуъ дар заминаҳои гуногун ҳудуди 16 ҳазор нафар бо бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Зикр шудаст, ки афзалият ба барномаҳо барои омӯзгорони таърих, ҷамъиятшиносӣ, забону адабиёти рус ва синфҳои ибтидоӣ дода мешавад. Ба гуфтаи Кровтсов, корҳои густурдае анҷом мешаванд, то омӯзгорон ба соли нави хониш омода шаванд.
Қаблан Сергей Аксёнов, роҳбари Қрим изҳор дошта буд, ки ҳудуди 20 ҳазор муаллим аз вилоятҳои Херсону Запороже дар нимаҷазира бо бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Ӯ гуфт, таҳсил дар макотиби вилоятҳои Херсон ва Запроже аз 1 сентябри соли равон бар асоси меъёрҳои федералии тадриси Русия роҳандозӣ хоҳад шуд.
Мақомдорони Херсон гуфтанд, забони украинӣ дар минтақа мамнуъ нахоҳад шуд. Дар зимн маъмурияти вилоят истисно накард, ки бо хоҳиши волидон синфҳои украинӣ низ ташкил мегарданд.