Дар фоҷеаи соли 1941 танҳо Сталин гунаҳкор нест

Намояндаи Ҷамъияти ҳарбӣ-таърихии Русия мегӯяд, дар фоҷеаи соли 1941 танҳо Сталинро гунаҳкор кардан дуруст нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Иосиф Сталинро набояд дар давраи аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 1941 танҳо гунаҳкор шуморид, изҳор дошт муовини мудири идораи илм ва маорифи Ҷамъияти ҳарбӣ-таърихии Русия Денис Шполянский.
Масъалаи гуноҳи шахсии Сталин дар шикастҳои соли 1941 як масъалаи хеле мураккаб ва мушкил аст, гуфт Шполянский дар як мизи мудаввар, ки "Агентии байналмилалии иттилоотии "Россия сегодня" дар остонаи "Рӯзи хотира ва андӯҳ" баргузор кард.
"Баҳсҳо даҳсолаҳо идома доранд. Ҷомеаи таърихӣ ба як созиш наомадааст", - гуфт Шполянский.
Таърихшинос гуфт, тибқи машваратҳое, ки дар қароргоҳи Ҷамъяити ҳарбӣ-таърихии Русия баргузор шуда буданд, Сталинро ҳатто барои фалокати рӯзи аввали ҷанг набояд гунаҳкор кард.
Оверчук гуфт, ташкили ИИАО талоши барқарории СССР нест
Ӯ гуфт, Сталин Иттиҳоди Шӯравиро роҳбарӣ мекард ва ӯ мутахассисони хеле ҷиддии низомӣ дошт, ки баъдан Олмони фашистиро мағлуб карданд.
Шполянский ёдовар шуд, ки дар Хитой дар муносибати баҳо додан ба фаъолияти Мао Тсзэдун, ки ӯро аксар вақт бо Сталин муқоиса мекунанд, таносуби - "70 фоиз ғалаба, 30 фоиз хатоҳо" истифода мешавад.
Муаррих пешниҳод намуд, ки дар робита ба Сталин низ аз чунин формулаи созиш бояд истифода кард.