Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вокуниши Кремл ба иддаои Киев барои эҳёи музокирот

Сухангӯи раисҷумҳури Русия иддаои бархе мақомдорони Киев барои азсаргирии музокироти сулҳ бо Маскавро намоишкорӣ бо усули украинӣ унвон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Услуби украинӣ дар мавриди музокирот бо Маскав ҳеч натиҷаи хубе ба бор наовард, изҳор дошт сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков.
Вай зимни шарҳи иддаои мақомдорони Киев барои эҳёи музокирот бо Маскав дар моҳи август, изҳор дошт, ки ин услуби шиноси украинӣ мебошад.
"Хеле намоишкории хуби музокирот бо шеваи украинӣ мебошад. Мо дер боз ин услубро медонем ва ин услуби украинӣ чизи хубе дар пай надошт", - изҳор дошт Песков. Вай ин нуктаро дар посух ба он гуфт, ки оё Маскав омода аст, то моҳи август мунтазир бимонад.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд. Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи созиш дигар вокуниш накард.
Зеленский бори дигар аз омодагии худ барои музокирот бо Путин гуфт
Ахиран намояндаҳои Киев дигарбора аз эҳтимоли азсаргирии музокирот дар охири моҳи август гуфтанд.
Дар вокуниш ба ин муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев, изҳор дошт, ки оё то моҳи август масъалае барои суҳбат боқӣ хоҳанд монд.
"Раҳбари гурӯҳи музокиротӣ аз Украина имконпазир медонад, ки музокирот бо Русия охири моҳи август аз сар гирифта шавад. Суоле ба миён меояд, ки оё мавзуъе бораи суҳбат ва бо кӣ, боқӣ хоҳад монд", - суол гузошт Медведев дар саҳифааш дар "Telegramm".
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз карда буд. Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".