ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Дар чанд деҳаи ноҳияи Деваштич сели харобиовар омадааст.
Олимхон Сафолов, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин ноҳия дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло гурӯҳи кори ба маҳалли ҳодиса ба деҳаҳои Басманда, Метк ва Дархон сафар карда, паёмади ин офати табииро маълум мекунанд.
"Тибқи ахбори расида қабл аз зуҳри 20 июн дар пайи боришоти борони шадид дар якчанд деҳаҳои ноҳия селхезӣ ба вуҷуд омада, роҳҳои мошингард ва кӯпрукҳоро хароб намудааст", - гуфт Сафолов.
Аз аксу наворҳое, ки корбарон аз деҳаи Басманда ба унвонии Sputnik Тоҷикистон ирсол намуданд, дида мешавад, ки сел аз сатҳи рӯду ҷуйборҳои селгузар берун шуда, роҳҳои мошингард, заминҳои кишти картошка ва иморату иншоотҳоро хароб намудааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони КҲФ ноҳияи Деваштич мегӯянд, ки сели азим роҳи деҳаи Меткро пурра хароб намудааст ва ҳоло сокинон тавассути роҳи деҳаи Росровут мегузаранд.
Мақомот мегӯянд, хисороти расида аз ин офати табиӣ муайян карда мешавад.
Ноҳияи Деваштич ба ҳисоби шаҳру навоҳии Ашту Айнӣ, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Спитамен, Мастчоҳ, Деваштич ва Истаравшан аз ноҳияҳои осебпазири селхез гуфта мешавад.
Ин ниҳод афзуда, зараре, ки ҳамасола аз ҳисоби рух додани офатҳои таббиӣ, аз ҷумла селхезиҳо ба вуҷуд меоянд, марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.