ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Рӯзноманигор Умберто Маззей дар мақолаи худ дар нашрияи “Rebelion” навиштааст, ки Вашингтон бояд ба ҳушдори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи қатъи интиқоли силоҳ ба нерӯҳои Украинаро ҷиддӣ бигирад.
"Иғво андохтани як абарқудрати ҳастаӣ, ки метавонад дар тамоми дунё рақибони худро нобуд кунад, ин девонагист. Маълум аст, ки пешниҳоди силоҳ танҳо муноқишаро боз ҳам дарозтар мекунад ва ин раванд метавонад ба осонӣ ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ табдил ёбад", - навиштааст рӯзноманигор.
Ба гуфтаи муаллифи матлаб, Амрико талош дорад, аз бӯҳрони Украина истифода кунад, то султагароиашро дар ҷаҳон ҳифз кунад.
Муаллиф таъкид кардааст, ки "хотима додан ба муноқиша ба нафъи Маскав ин маънои онро дорад, ки эътибори Вашингтон ҳамчун полиси ҷаҳонӣ аз байн рафтааст. Сиёсати пешгирии пирӯзии Русия, сиёсати нозигароён аз Украинаро ба ёд меорад, ки алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода мешуданд", - таъкид мекунад нашрия.
Рӯзноманигор, инчунин аз кушишхои Вашингтон ёдрас шуд, ки худро мехост хамчун “нозири берунӣ” нишон диҳад.
Амрико кушиш дорад вазъи байналмилалиро аз паси парда таҳти назорат бигирад, миёнаравҳоро ҳамчун хумпораи тӯп истифода бурда, бар ивази хуни дигарон фоида ба даст меорад.
Ин сиёсат, ба ҳама рушан аст, ғайр аз комиссияи Аврупо дар Брюссел ва як гурӯҳ давлатҳое, ки ба Амрико хидмат мекунанд.
"Аврупо бояд чашмони худро аз ин як дӯсти эҳтимолӣ боз кунад, ки кӯшиш мекунад, онро ба ҷорӣ кардани таҳримҳои бемаъни мутақоид кунад ва маҷбур дорад, гази моеъро аз ИМА харидорӣ намоянд, ки 40 дарсад гаронтар аз гази Русия аст", - гуфт Маззей.
Буҳрони Украина, тавре ки дар ин нашрия гуфта шудааст, коҳиши султагароии ИМА ва суқути низоми ҷаҳониро, ки танҳо Вашингтон муайян кардааст, нишон медиҳад.