Ду парвоз аз Санкт-Петербург ба Тоҷикистон якбора лағв шуд

Дар фурудгоҳи Пулково парвози ҳавопаймо ба Душанбе якбора чанд соат ба таъхир афтод ва бидуни мушаххас кардани вақти нав ин парвоз ба Хуҷанд комилан лағв шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар Санкт-Петербург ду парвози ширкати "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон ба таъхир афтод ва якбора лағв шуд.
Ҳамин тариқ, тибқи тоблуи онлайни фурудгоҳи Пулково рӯзи 20 июн 4 ҳавопаймо, аз ҷумла ду парвоз ба Душанбе ва Хуҷанд сурат намегирад.
Онҳо дертар аз вақти дар аввал муайяншуда парвоз мекунанд.
Ҳавопаймои лағвшудаи U6 2641 дар масири Санкт-Петербург - Хуҷанд соати 21:55 ба вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Ҳанӯз маълум нест, ки парвоз чанд соат ба таъхир афтодааст.
Парвоз аз Петербург самти Душанбе ба таъхир афтод
Ҳавопаймои У6 2879 ба Душанбе низ аз муҳлат дертар парвоз мекунад.
Дар назар аст, ки ҳавопаймои таъиншуда бояд акнун ба ҷои соати 15:55, соати 17:30 парвоз кунад.
Ғайр аз ин, дар Пулково парвоз ба Уш ва Даламан ба таъхир афтодааст. Парвозҳо дар масирҳои дигар тағйир наёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин таъхири парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" аз пойтахти шимолии Русия нест.
Чунин парвози рӯзона ба Душанбе низ қаблан ба таъхир афтода буд.