Оҷонсии зидди фасод ходими корхонаеро барои гирифтани мукофот боздошт кард

Дар сурати исботи айбдорӣ аз ҷониби додгоҳ боздоштшударо аз 23 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндон мунтазир аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Оҷонсиии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як корманди Корхонаи давлатие хабар медиҳад, ки дар гирифтани мукофоти пулӣ муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Ҷ.Ҳ. дар вазифаи сардори шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Б.Ғафуров сипас дар ҳамин вазифа дар шаҳри Конибодом кор карда даст ба чунин иқдом задааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ҳамчун хизматчии корхона аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан дар ҳуҷҷатгузории шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва гирифтани қарори эътироф намудани соҳибмулкии манзили истиқоматиаш пул талаб кардааст.
Талаби 10 000 сомонӣ барои озодӣ аз сарбозӣ: боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда, дар маҷмуъ 7000 сомонӣ ҳамчун мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш ягон кори шаҳрвандро иҷро накардааст.
Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Ҷ.Ҳ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” ва 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Моддаи 324 гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ буда, бар асоси он ба фарди муттаҳам ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо , ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол таҳдид мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун ироа нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздошти корманди ин ниҳод нест.
Қаблан оҷонсӣ мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдатро низ дастгир карда буд, ки ба порагирӣ муттаҳам мешуд.