ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Нахустин қатори мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба Тошканд бо ҳузури мақомдорони тоҷик гусел карда шуда, пирони кордида барои сафари бехатар дуо доданд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки шоми 20 июн дар маросими гусели мусофирон иштирок кард, ин ҳодисаро барои мардум деринтизор арзёбӣ кард. Вай роҳандозии ҳаракати қаторҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро натиҷаи талоши роҳбарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев хонд.
Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки дар баробари ҳаракати қаторҳо мусофирбарӣ аз тариқи автобусҳо низ ба роҳ монда шуда, феълан корҳо барои ифтитоҳи хатсайрҳои ҷадид идома доранд.
Вай таъкид намуд, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон чун анъана хоҳони таҳкими муносиботу ҳамсоядории нек бо кишварҳои ҳамҷавор мебошанд ва дар ин самт корбарӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки минбаъд ҳар рӯзи душанбе қатор аз Душанбе соати 18:30 ба роҳ баромада, соати 13:43 бо вақти маҳаллӣ ба шаҳри Тошканд мерасад.
Қимати роҳкиро ҳудуди 370 сомонӣ ё худ 35 долларро ташкил дода, қимати он вобаста ба замони хариди чипта фарқ мекунад. Дарозии хатсайр 916 километрро ташкил медиҳад.
Қатор то расидан ба пойтахти Ӯзбекистон аз шаҳрҳои Қаршӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Гулистон мегузарад. Аз Тошканд ҳамин қатор ҳар рӯзи сешанбе соати 16:15 ба ҳаракат даромада, нимаи дуюми рӯзи чоршанбе ба Душанбе мерасад.