Обхезии шадид дар Ҳиндустон: беш аз 60 нафар қурбон шуд

Сарвазири Ҳиндустон итминон дод, ки ба осебдидагони офати табиӣ кумак расонида мешавад. Аз ҳама беш ду иёлат зарари сахт дидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Иёлатҳои Ассам ва Мегалаяи Ҳиндустон аз обхезиҳои харобиовар осеб диданд. Ба гузориши NDTV, дар ин ҳодиса дастикам 62 нафар ба ҳалокат расиданд.
Танҳо рӯзи 18 июн дар асари боронҳои шадид ва обхезӣ дар Ассам ҳашт нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак қурбон шуд. Боз ҳашт нафари дигар бедарак шудаанд.
Дар ин иёлат аз 33 минтақа 32 -тояш зери об монд. Аз зарар дидани беш аз 30 ҳазор нафар гузориш дода мешавад.
Манбаъ меафзояд, зиёда аз 156 ҳазор нафар ба урдугоҳҳои муваққатӣ кӯчонида шуданд.
Бразилия дар зери об: даҳҳо нафар дар обхезии даҳшатбор ба ҳалокат расиданд - видео
Бориши борон ва ярч беш аз 4000 деҳа, 230 роҳ ва 16 пулро хароб кард. Вазири захираҳои оби Ассам, Пиюш Ҳазарика қайд кард, ки вазъият дар иёлат ниҳоят номусоид аст, дар минтақаҳои аз обхезӣ зарардида пулҳои муваққатӣ месозанд, то ба одамони дар инзивоъафтода кумак расонда шавад.
Зимнан, дар иёлати Мегалая низ вазъият ниҳоят печида аст. Дар ин ҷо дасти кам панҷ ҳазор нафар аз ин офати табиӣ зарар диданд. Танҳо дар ин ҳафта дар иёлати мазкур дастикам 18 нафар ҷон бохтанд.
Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ қаблан бо вазир Ҳиманта Бисва Сарма гуфтугӯ карда, мардумро итминон дода буд, ки ба осебдидагон аз офати табиӣ кумак расонида мешавад.