ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки соли равон истеҳсоли пилларо ба 23,5 тон расонанд, хабар додаст "Ховар" аз қавли масъулини шаҳрдорӣ.
Манбаъ афзуд, то ҳол зиёда аз 19,5 тонна пиллаи хушсифат дар шаҳр истеҳсол шуда, аллакай хоҷагиҳои "Латиф Муродов", "Баракати Ватан", "Абдурауф Юсупов" нақшаи истеҳсолро иҷро намуданд.
Таъкид шудаст, ки пиллапарварон ҳосили нағз ба даст оварда истодаанд. Аз қавли масъулини ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пиллаи тоҷик" дар шаҳри Ҳисор хабар дода шудаст, ки аз кирмакпарварон як килои пиллаи тари нав истеҳсолшударо ба маблағи 15 сомонӣ мехаранд.
Инчунин таъкид шудааст, ки барои ҳавасмандгардонӣ ба фаъолон туҳфаҳо тақдим менамояд. Ин дар ҳолест, ки давлат дар Тоҷикистон ният дорад, кирмакпарвариро дар ҷумҳурӣ эҳё созад ва бо дастури раисҷумҳур сабукиҳо дар ин бахш дода шуданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон дастур дода буд, кишоварзони кирмакпарвар аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод карда шаванд.
Ӯ гуфт, кирмакпарварӣ қариб аз байн рафтааст ва таъкид намуд, ки барқарор кардани он дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст.
"Заминҳои тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд", - гуфта буд Раҳмон.
Президент таъкид кард, ки дар ин росто махсусан барои бонувони кишвар дар манзили зисташон ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад.
Масъулини Вазорати саноат муваззаф шудаанд, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат барои солҳои 2022-2026 масъалаи рушди кирмакпарвариро дар кишвар бозбинӣ намуда, ҳамаи камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд.