ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Белла Дарки панҷсола аз Бритониё аввалин китоби худро нашр кард ва ҷавонтарин нависандаи ҷаҳон шуд, менависад Good News Network.
Белла китобро "Гурбаи гумшуда" номид. Ин ҳафта пас аз фурӯши ду ҳазор нусхаи китоб дастоварди духтар дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шуд.
Мо бо камоли хушнудӣ эълон мекунем, ки дархости шумо барои ҷавонтарин ношири китоб буданатон пазируфта шуд. Шумо акнун ҳуқуқи гирифтани як сертификати ройгон аз рекордҳои Гиннесро доред. Табрикот, шумо расман аҷиб ҳастед!", - гуфта мешавад дар мактуби намояндагони Китоби рекордҳо.
Дар ҳикоя, гурбача Сноуи бе модар ба кӯча мебарояд, гум мешавад ва дар давоми моҷароҳои худ дарсҳои муҳими ҳаётро меомӯзад.
Нависандаи ҷавон асарро бо нақшҳои худаш тасвир кардааст, ба истиснои расме, ки хоҳари калониаш Лейси пешниҳод кардааст.
"Мо аз Белла хеле ифтихор мекунем ва ростӣ, мо то ҳол бовар карда наметавонем, ки чӣ рӯй дод, ин хеле аҷиб аст", - гуфт волидони Белла.
Духтар ният дорад, ки достони гурбачаро идома диҳад. Ӯ ҳатто ном барои идомаи достанашро интихоб кардааст. Белла қасд дорад "Базми зодрӯзи Сноуи" - ро нависад.