Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои боло набурдани нархҳо дар бозор

Раисҷумҳур гуфт, тибқи мушоҳидаҳо, солҳои 2022-2023 истеҳсоли ғалла дар ҷаҳон кам, болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи мушоҳида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон машварати корӣ доир карда, дастур дод, ки нархи наворо дар бозорҳо гарон накунанд.
Кишвардор гуфт, ки буҳронҳои сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва коҳиши истеҳсолот ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардаанд.
Президент бо такя ба гузориши СММ иттилоъ дод, ки солҳои 2018 — 2021 бо сабаби вазъи мураккаби бавуҷудомада теъдоди сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шудаанд, ба 193 миллион нафар баробар шуда, теъдоди одамони ба хатари гуруснагӣ дучоршаванда, ба 220 миллион нафар мерасад.
Раисиҷумҳур ҳушдор дод, ки чунин ҳолат метавонад ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир расонад ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд.
Раҳмон аз буҳронҳо гуфту аз тоҷикистониён хост, омода бошанд
Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда, ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
"Ба масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо тадбирҳо андешанд", - супориш додааст президент.
Президент дастур додааст, ки дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оила ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои 5 моҳи соли 2022 3,9 фоизро ташкил дод. Моҳи май сатҳи таваррум ба 0,7 фоиз расид, ки боиси боло рафтани арзиши аслии маҳсулоти озуқаворӣ шуд.
Ҷаҳиши нархҳо: топ-6 маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон гарон шуд
Ҳамин тавр, гароншавӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар 5 моҳи соли 2022 аз ҷумла, карам (31%), пиёз (29,8%), сабзӣ (22,3%), орди навъи якум (20,2%), гречка (13,9%) ва макарон (12,7%) рост меояд.
Қаблан мутахассисони Бонки миллии ҷумҳурӣ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дода буданд, ки бештари колоҳои сабади истеъмолии кишвар аз хориҷ ворид мешаванд.
Аз ин рӯ, тағирёбии нархҳо дар кишварҳои содиркунанда метавонад ба ташаккули арзиш ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар минтақа таъсир расонад.