ВКД сабаби садамаи автобус ва се мошини сабукрав дар назди "Садбарг"-ро шарҳ дод

Раёсати ВКД мегӯяд, садама ба айби ронандаи "Тайота кемри" рух додааст. Ин ронанда ба чароғаки роҳнамо дар ин роҳ итоат накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар хиёбони Рӯдакӣ, назди Маркази савдои "Садбарг" рӯзи 17 июн садамаи нақлиётӣ сар зад. Навор ва аксҳо аз ҷойи ҳодиса зуд ба шабакаҳои иҷтимоъ роҳ ёфтанд ва корбарон байни ҳам баҳсе карданд, ки дар ин ҳодиса ронандаи кадом нақлиёт гунаҳкор аст.
Зимнан, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашр намудани чанд акс ҷузъияти ин ҳодисаро рӯшан кард.
Бар хабари манбаъ, садамаи нақлиётӣ субҳи барвақт, тақрибан соати 05:58 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сар зад.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота Кемри"ҳангоми ҳаракат ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар ранги сурх бо суръати баланд автомашинаи худро идора кардааст, ки дар натиҷа ба се адад воситаи нақлиёт бархӯрд", - омадааст дар хабарномаи раёсат.
Манбаъ меафзояд, ронандаи 27-солаи "Тайота Кемри" айни замон бо ҷароҳатҳои начандон вазнин дар беморхона қарор дорад. Дар ин садама се адад мошини сабукрав ва ҳамчунин як автобуси мусофиркаш зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.
Бархӯрди автобус бо ҳафт мошин дар Душанбе: ВКД гуфт, бо айби кӣ сар зад - видео
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, таҳқиқи пешакии ҳодиса идома дорад.
Қаблан дар Душанбе ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд. Он замон ронандаи 36 - солаи автобуси мусофиркаш дар роҳ беҳуш шуд, ки дар натиҷа ҳафт мошини дар канори роҳ қарордоштаро зер кард.
"Ба худ омадам, ки 7 мошинро зер кардам": ронандаи автобус аз садама ва хайри тоҷикон гуфт
Ин ронанда бояд хаҷми зарари расонда ба ронандаҳои таксӣ ва ҳамчунин таъмири пурраи автобусро ба ӯҳдаи худ мегирифт. Вале ширкати марбут ба таксиҳои харобшуда алайҳи ронандаи автобус шикоят накард ва таъмири мошинҳоро низ талаб нанамуд.
Баръакс муҳоҷирону нафарони дастба хайр ба суратҳисоби кушодаи ин ронанда маблағи зиёд интиқол доданд.