ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумури Украина эълон кард, ки сар аз 1 июли соли равон барои шаҳрвандони Русия низоми раводид ҷорӣ карда мешавад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
“Украина бо Русия низоми раводид ҷорӣ кард. Тибқи қарори банақшагирифтаи девони вазирон, аз 1 июли соли 2022 Украина низоми раводид барои вуруди шаҳрвандони Русия ба ин кишварро ҷорӣ мекунад”, - навиштааст дар Telegram-канали худ раисҷумҳури Украина.
Дар ҳамин ҳол, Андрей Ермак, роҳбари дафтари Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ахиран эълон кард, ки девони вазирони кишвар аллакай ҷорӣ кардани низоми раводид бо Русияро тасдиқ кардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки Девони вазирон бояд рӯзи ҷумъа дар бораи лағви созишномаи байни ҳукумати Украина ва ҳукумати Русия дар бораи сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ва татбиқи баъзе шартномаҳои байналмилалӣ байни Украинаву Русия қарор қабул кунанд.
Ёдрас мешавем, ки равобити ду кишвар баъд аз амалиёти вижаи Русия дар Украина барҳам хӯрд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.