Толибҳо дар Бадахшон корхонаи коркарди сангҳои қиматбаҳо таъсис доданд

Вазири ҳукумати толибҳо, ки худ зодаи Бадахшони Афғонистон аст, таъкид ба зиёд будани конҳои сангҳои қиматбаҳо дар ин минтақа кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар Бадахшони Афғонистон корхонаи коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо фаъол карда шуд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дода, афзуд, ки инчунин дар Бадахшон дафтари Палатаи саноату куҳкорӣ ба фаъолият шуруъ намуд.
Ҳукумати толибҳо таъкид намудааст, ки иқдоми навашон дар ин минтақа барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва беҳбуди сатҳи зиндагияшон мусоидат хоҳад кард.
Дар маросими ифтитоҳои иншооти нав ҳамчунин Қорӣ Муҳаммад Ҳаниф, сарпарасти Вазорати иқтисоди толибҳо, ки худ зодаи Бадахшон мебошад, суханронӣ карда аз зиёд будани боигариҳои табиӣ дар минтақа гуфт.
"Ин ҷо конҳои сангҳои қиматбаҳо зиёданд, ки дар аҳди ҷумҳурӣ танҳо аз ҷониби қочоқбарон истихроҷ мешуданд", - гуфт вазири толибҳо.
Песков гуфт, дар бораи эътирофи толибон тасмиме нест
Ба таъкиди ӯ бо расидани ҳукумати толибҳо ба минтақа вазъ тағйир хоҳад ёфту боигариҳо ба суди мардуму давлат истифода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи август ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Эълон карданд, ки давлатро бар асоси қонунҳои шариат идора хоҳанд кард.
Бархе аз дороиҳои ҳукумати қаблии Афғонистон дар хориҷи кишвар баста шуданд, ки ба гуфтаи худи толибҳо боиси шиддати вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар гардид. Созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи бади башарӣ дар Афғонистон, фақри зиёду нархҳои гарон ва таҳдиди гуруснагӣ ҳушдор медиҳанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони Афғонистон аз ҳукуматдорони ҷадид дар ин кишвар ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсониро талаб доранд.