ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Шабакаи лабораторияҳои Русия - "Гемотест" ният дорад, соли равон дар вилояти Суғд намояндагияшро ифтитоҳ кунад.
Дар ин бора Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар ифтитоҳияи ҳамоиши “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” дар вилояти Суғд дар ин бора хабар дод.
"Имрӯз ҳамкорони мо дар ин ҷо қарор доранд. Онҳо бо як бастаи пешниҳодҳо барои ифтитоҳи шуъбаҳои лабораторияи ин корхонаи бузурги Русия ба вилояти Суғд омадаанд", - таъкид кард ӯ.
Намояндагии ин шабака дар Тоҷикистон аллакай аз имсол ба фаъолият шуруъ мекунанд.
Дар лабораторияҳо санҷишҳо барои ошкор кардани бемориҳои аутоиммунӣ, саратон, гузаронидани санҷишҳои генетикӣ ва ғайра имконпазир мешаванд.
Лабораторияи тиббии "Гемотест" як маркази муосири тадқиқотии баландтехнологӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд рӯзи 17 июн Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд-2022” оғоз шуд. Дар маросими ифтитоҳ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода суханронӣ карданд.
Дар миёни меҳмонон раиси вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистан Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафирони Озарбойҷон, Туркия, Беларус, Қазоқистон ва ҳамчунин намояндаи ваколатдори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд.
Илова бар ин ба форуми иқтисодӣ зиёда аз 400 нафар аз соҳибкорон аз 8 кишвари ҷаҳон омаданд.