Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар нишасти СПАД дар Арманистон ширкат мекунад

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон вориди Ереван гардид, ки дар он ҷо нишасти котибони шӯрои амнияти шаш кишвари узви СПАД дар ҳайати маҳдуд баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ширкат мекунад.
Чорабинӣ, ки бо ширкати шаш кишвари узв, ин дафъа дар ҳайати маҳдуд ва дар шакли ҷаласаи пленарӣ дар Арманистон сурат мегирад, зеро ин кишвар имсол раииси созмонро бар уҳда дорад.
Дар он дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ва ҳамтоёнаш аз Арманистон - Армен Григорян, Беларус - Александр Волфович, Қазоқистон - Гизат Нурдаулетов, Марат Имонқулов аз Қирғизистон ширкат доранд.
Лавров: СПАД бояд омили таъмини мувозинат дар Авруатлантик бошад
Илова бар ин, дар ин нишаст дабири кулли СПАД Станислав Зас низ суханронӣ мекунад.
Дар ин чорабинӣ “тадбирҳои безараргардонии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СПАД” баррасӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки Нақшаи омӯзиши муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва назоратӣ, воҳидҳои нерӯҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СПАД барои соли 2023 ва як қатор санадҳои муҳими дигар ба тасвиби Кумитаи дабирони Шӯрои амният пешниҳод шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Кумитаи котибони Шӯроҳои амният, мақоми машваратӣ ва иҷроияи СПАД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории кишварҳои узв дар самти таъмини амнияти миллии онҳо мебошад.
Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 ба имзо расида, дар соли 2002 тасмим гирифта шуд, ки он ба созмони байналмилалӣ - СПАД табдил дода шавад. Дар ҳоли ҳозир шаш давлат: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар он ширкат мекунанд.