Путин фоизи ипотекаи имтиёзнокро коҳиш дод

Фоизи қарзҳои имтиёзноки ипотекӣ дар Русия метавонанд то ба 7% поин бурда шаванд. Дар ин бора президенти Федератсияи Русия дар ҳамоиши иқтисодӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Фоизи қарзҳои имтиёзноки ипотекӣ дар Русия метавонанд то ба 7% поин бурда шаванд.
Ин нуктаро Владимир Путин, кишвардори Русия зимни ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар Санкт -Петербург баён дошт.
Ӯ таъкид намуд, ки барномаи қарзҳои ипотекии имтиёзнок то охири соли равон тамдид мешавад ва шаҳрвандон метавонанд аз он истифода кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, коҳиши фоизи ипотекӣ бояд дар соли 2022 аз 9% то 7% поин бурда шавад.
Президент дар бораи вазъияти иқтисодии кишвар дар моҳҳои охир сухан гуфта, қайд кард, ки таваррум ҳанӯз баланд аст. Ин маънои онро дорад, ки мақомоти кишвар барои коҳиш додани он чораҳо мебинанд.
"Аслан се моҳ пас аз бастаи азими таҳримҳо, мо болоравии таваррумро пахш кардем", - гуфт Путин.
Ӯ афзуд, ки таваррум ҳоло 16,70 фоизро ташкил медиҳад ва коҳишро идома медиҳад.
Путин: Мақомот қадам ба қадам вазъи иқтисодиро ба эътидол меорад
Вай афзуд, ки динамикаи иқтисодӣ ба эътидол меояд, молияи давлатӣ устувор аст.
Путин ҳамчунин қайд кард, ки фоизи баланди пасандозҳо дар Русия ба русҳо имкон додааст, ки пасандозҳои худро дар бонкҳо нигоҳ доранд.
Ёдовар мешавем, ки суханронии суннатии Владимир Путин дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар баробари паём ба Маҷлиси федеролӣ, нишасти хабарии ниҳоии моҳи декабр ва хатти мустақим бо русҳо, яке аз чаҳор суханронии муҳими сол маҳсуб мешавад.