ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар қаламрави деҳаҳои ноҳияи Мастчои Кӯҳӣ сели харобиовар фаромадааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатиҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сел дар деҳаҳои Пит, Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғурфкати ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ омад, ки дар натиҷа заминҳои сокинони маҳаллӣ хароб гардиданд.
Манбаъ меафзояд, сел замину роҳҳои мошингардро пур аз лойқа кард, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ барои чанд муддат номумкин гардид.
Гуфта мешавад, кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт роҳҳоро тоза намуда, ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шуд.
КҲФ мегӯяд, офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт.
Ҳамчунин ин ниҳод аз оқибати боди шадид дар ноҳияи Лахш хабар дод, ки дар натиҷаи он боми даҳ бинои истиқоматӣ, ду бинои ёрирасон ва сақфи мактаби таҳсилоти умумӣ қисман хароб кард.
Зикр гардид, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ давом дорад. Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода мизони зарари расидаро муайн мекунанд.