ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Додгоҳи дувуми ҳарбии ҳавзаи ғарбӣ Тоҷиддин Назаровро барои кӯшиши ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар наздикии Кремл ва биноҳои сохторҳои қудратии Русия дар Маскав ба ҳабси абад маҳкум кард, хабар медиҳад РИА "Новости".
Назаров зодаи Тоҷикистон буда, яке аз "амир" -ҳои ДОИШ* ба ҳисоб меравад ва мулаққаб ба Абуусома Анноракӣ аст.
Манбаъ меафзояд, маҳкумшуда дар Русия дар содир намудани 23 ҷинояти марбут ба терроризм айбдор дониста шуд.
Зикр гардид, ки Тоҷиддин Назаров бояд ҳашт соли аввалро дар зиндон гузаронад. Додгоҳ ҳамчунин ӯро ба маблағи 1,5 миллион рубл ҷарима кардааст.
Ба гуфтаи муфаттишон, вай соли 2014 ба Сурия рафта, ба созмони террористии "Давлати исломӣ"* пайвастааст. Тафтишот қайд мекунад, ки ӯ ба сабти мавъизаҳо ва видеоҳо барои "YouTube" шуруъ кард, ки дар он "мубориза бо кофирон"-ро таблиғ мекард.
Дар Сурия моҳи августи соли 2016 Назаров як ҷомеаи террористиро таъсис дода, бо кумаки он як ҳамлаи террористӣ дар Новосибирск ва ҳамчунин ҳамлаҳои террористии дигар дар нақлиёти шаҳри Маскавро тарҳрезӣ кардааст.
Додситонӣ иддао дорад, моҳи июни соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург Назаров маводи таркандаро барои тарконидани бушкаҳои нафткашӣ таъмин карда буд, вале ба далели боздошти омилони ин ҷиноят он ба анҷом нарасидааст.
Бино ба маълумоти тафтишот, ӯ моҳи августи ҳамон сол ният дошт, дар марокизи савдои Маскав амалҳои террористӣ анҷом диҳад, аммо ФСБ аз онҳо ҷилавгирӣ кардааст. Тафтишот қайд мекунад, ки ӯ моҳи октябри соли 2017 қасд дошт, дар наздикии Кремл, дар майдони Старая, дар кӯчаи Знаменка, дар наздикии маҷмуаи биноҳои Вазорати дифоъ, биноҳои Вазорати адлия ва ФСБ амалҳои террористӣ анҷом диҳад.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ Абуусома Анноракиро яке аз хатарноктарин аъзои ДОИШ* меноманд ва мегӯянд, ки ӯ беш аз 100 зодаи Тоҷикистонро ба доми ин гурӯҳи террористӣ афтонда, ба Сурияву Ироқ бурдааст.
Дар Тоҷикистон Тоҷиддин Назаровро ҳамчунин яке аз тарроҳони ҳамлаи террористии моҳи июли соли 2019 дар Данғара, ки дар он 4 сайёҳи хориҷӣ кушта шуд, медонанд. Вале маълум нест, ки Тоҷикистон истирдоди Назаровро аз Русия талаб хоҳад кард, то ӯро дар ватанаш низ ба додгоҳ бикашонанд ё не?
* гурӯҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия