ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сокинони Душанбе заминларзаи шадидро, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рух дод, эҳсос карданд.
Бино ба иттилои Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон, зилзила соати 17:25 ба вақти Душанбе рух додаааст.
Қувваи заминҷунбӣ ба 5 баллро ташкил додааст. Маркази зилзила дар умқи 184 километр ҷойгир будааст.
Дар ҳамин ҳол, соати 14:22 ба вақти маҳаллӣ низ заминларзаи бо қувваи бештар ба қайд гирифта шуд. Қувваи ин заминларза 5,8 балл буд.
Бино ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази зилзила 315 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 145 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар қаламрави Афғонистон буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғи ВМКБ 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Аз талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар гузориш нарасидааст.
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ин ҷумҳурӣ дар баробари Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором шомил аст.