ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Муҳоҷирон, ки дар давраи пандемияи коронавирус бинобар маҳдудияти ҳаракат натавонистанд Русияро тарк кунанд, бояд то 17 август аз кишвар хориҷ шаванд.
Дар ин бора дар Вазорати корҳои дохилии Русия хабар доданд. Ин фармонро бояд шаҳрвандони хориҷие, ки ҳаққи кору зиндагӣ дар Русияро надоранд, иҷро кунанд.
Вазорат ёдовар шуда, ки вуруд ва хуруҷ замони авҷи пандемия ба далели хатари бад шудани вазъ бо коронавирус маҳдуд шуда буд.
20 майи соли 2022 мақомоти Русия чораҳои муваққатиро нисбати шаҳрвандони Абхозистон, Беларус, Ҷумҳурии Халқии Донетск, Қазоқистон, Чин, Ҷумҳурии Мардумии Луганск, Муғулистон, Украина ва Осетияи Ҷанубӣ лағв карданд.
"Ин маънои онро дорад, шаҳрвандони ин давлатҳо, ки дар замони будубоши муваққатии худ дар Русия иҷозаи иқомат ва кор дар Русияро нагирифтаанд, бояд то 17 августи соли 2022 ин кишварро тарк кунанд", - навиштааст ВУД Русия.
Ёдовар мешавем, моҳи апрели соли 2020 фармони президенти Русия Владимир Путин баромад, ки бар асоси он, шаҳрвандони хориҷӣ имкон доштанд, то 15 июни соли 2021 муваққатан дар ин кишвар бидуни сабти ном будубош ва кор кунанд.
Чунин тадбирҳо дар робита ба пандемияи коронавирус ва як қатор маҳдудиятҳое, ки ҷорӣ шуданд, роҳандозӣ шуда буданд.
Аммо баъдан сарвари давлат имконияти мондан дар ин кишварро то 30 сентябр тамдид кард.
Нисбат ба шаҳрвандоне, ки пас аз гузаштани муҳлати муқарраршуда дар вазъияти ғайриқонунӣ қарор доранд, меъёрҳои 115-уми қонуни федералӣ татбиқ карда мешаванд, ки ба полис иҷозат медиҳанд, чораҳои маъмурӣ андешад. Мақомот метавонанд, чунин гурӯҳи ашхосро аз кишвар депорт кунад.