Иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷа дар Тоҷикистон

Ҳаҷми даромади буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон дар ҷамъбасти панҷ моҳи аввали соли равон аз хароҷот бештар гардидааст. Қисми аъзами даромад аз андоз мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар панҷмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон аз нақша наздики 3% барзиёд иҷро шудааст.
Тайи панҷмоҳа ба буҷа 12,1 млрд сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати нақша 2,9% зиёд мебошад, иттилоъ дод хабаргузории "Авеста" аз қавли Вазорати молияи Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон дар чор моҳи аввали соли равон - тайи моҳҳои январ - апрел ба 9,6 млрд сомонӣ баробар буд, ки аз нақша 4,6% зиёд мебошад.
Тайи ин муддат даромадҳои андозӣ муодили 6,7 млрд сомонӣ буданд. Ин баробари 70,3%-и даромади умумии буҷа дар 4 моҳи аввали соли равон мебошад.
Даромадҳои ғайриандозӣ дар ин давра ба 613,4 млн сомонӣ баробар шудаанд, ҳиссаи ин навъи даромадҳо дар ҳаҷми умумӣ ба 6,4% баробар буд.
Воридоти буҷа аз хароҷот дар ин муддат зиёд шудааст. Аз ҷумла харҷи буҷа дар ин муҳлат 9,1 млрд сомонӣ будаст.
Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ ​​миллионҳо даромад мегирад
Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми буҷаи давлатии кишвар барои соли 2022 ҳудуди 33 млрд сомонӣ муқаррар шудааст. Касри буҷа ба андозаи 0,6 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 623,9 миллион сомонӣ муқаррар гардидааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, дар буҷаи соли равон низ бартарият ба бахшҳои иҷтимоӣ дода шуд. Дар назар аст, ба соҳаи маориф 6,3 млрд сомонӣ, тандурустӣ 2,9 млрд, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд ва фарҳангу варзиш қариб 1,2 млрд сомонӣ ихтисос ёбад.
Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2022 аз ҳисоби қарзу грант беш аз 7 миллиарду 938 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин интизор меравад, ки аз ҳисоби андоз 20 миллиарду 463 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби манобеи ғайриандозӣ 1 миллиарду 463 миллион сомонӣ даромад ба даст ояд.