Ҳушдор аз борон ва селу ярч

Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз шарқи ВМКБ ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад. КҲФ аз сокинон даъват мекунад, ки тайи ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи чаҳор рӯзи оянда ҳавои номусоид пешгӯӣ карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, аз 17 то 21 июни дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ боришот дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, бориши борон боиси фаромадани селҳо, болоравии сатҳи дарёҳои кӯҳӣ ва доманакуҳӣ, сангрезиву ярч ва раъду барқ ​​мегардад.
Дар робита ба ин КҲФ аз сокинон ва меҳмонони навоҳии кӯҳистон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.
Аз пулҳои шикаста то хонаҳои харобшуда: пайомади сел дар Ашт - акс
Таъкид мешавад, ки тайи ин рӯзҳо хурдсолон бидуни назорат гузошта нашаванд.
Ҳамчунин Ҳангоми чамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои дар навоҳии куҳсор рӯянда, чаронидани чорво, сайру гашт дар кухсор, моҳидорӣ, шикор ҳушёр бошед.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагон даъват мешавад, ки пеш аз сафар аз ағбаҳои кӯҳӣ маълумот дар бораи вазъи обу ҳаво ҷамъоварӣ намуда, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд.
Ҳамзамон сокинонро зарур аст, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.