ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти хатлон рафта, нахуст аз ноҳияи Дӯстии минтақа боздид кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии расҷумҳур, ин сафар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ мебошад.
Дар ин ноҳия нахуст Эмомалӣ Раҳмон Майдони Парчами давлатиро боз кард, ки он 50 метр баландӣ дорад.
Раисҷумҳур ҳамзамон дар деҳоти Нури Вахш аз ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Ҷунтай-Хатлон Син Силу" боздид карда, оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, шинос гардидааст.
Гуфта мешавад, Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Ҷунтай-Хатлон Син Силу" дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, дар 3 365 гектар пахта кишт намуда ҳосили хуб рӯёнидаанд ва бо дастури президент дар оянда боз 500 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, барои кор дар ин заминҳо 10 мошини муосири пахтағундорӣ ва зиёда аз 100 намуди таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ворид карда, ҳамзамон корхонаи коркарди пахта бо иқтидори солонаи 30 ҳазор тонна ашёи хом сохта, ба истифода дода шудааст,
Баъди коркард нахи пахта дар шакли бастаҳои махсус ба Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи "Ҷунтай-Данғара Син Силу" интиқол дода хоҳад шуд.
“Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” як аз бузургтарин ширкатҳои муштараки Чину Тоҷикистон аст, ки дар ҷануби кишвар ба фаъолияти кишоварзӣ пардохтааст.
Заминҳоро дар ин минтақа ширкат ҳануз соли 2015 па аст тасвиби санаде аз сӯи парлумони Тоҷикистон дар ихтиёр гирифта буд.